Токио барои равобит бо Теҳрон ва идомаи ройзаниҳо аҳамияти зиёде қоил аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45973-Токио_барои_равобит_бо_Теҳрон_ва_идомаи_ройзаниҳо_аҳамияти_зиёде_қоил_аст
Муовини аршади Вазорати умури хориҷаи Ҷопон таъкид кард, Токио барои равобит бо Теҳрон ва идомаи ройзаниҳо аҳамияти зиёде қоил аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 17, 2019 20:34 Asia/Dushanbe
  • Токио барои равобит бо Теҳрон ва идомаи ройзаниҳо аҳамияти зиёде қоил аст

Муовини аршади Вазорати умури хориҷаи Ҷопон таъкид кард, Токио барои равобит бо Теҳрон ва идомаи ройзаниҳо аҳамияти зиёде қоил аст.

Ба гузориши ИРНА, Токио Мори, муовини аршади Вазорати умури хориҷаи Ҷопон, ки ба Теҳрон сафар кардааст, баъд аз зуҳри имрӯз бо вазири умури хориҷа дидор ва гуфтугӯ кард.

Вай дар ин дидор бо ишора ба гуфтугӯҳои созандааш бо муовини сиёсии Вазорати умури хориҷа гуфт, Токио барои равобит бо Теҳрон ва идомаи  ройзаниҳо аҳамияти зиёде қоил аст.

Вазири умури хориҷа низ дар ин дидор бо ишора ба равобити хубу созандаи ду кишвар ва ҳамчунин сафари таърихӣ ва муҳими нахуствазири Ҷопон ба Теҳрон ва дидор бо мақоми муаззами раҳбарӣ, аз идомаи ройзаниҳо бо Ҷопон дар хусуси равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ истиқбол кард.