Август 18, 2019 16:20 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Иродаи Эрон тақвияти равобит бо Италия аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон равобити Теҳрон ва Римро таърихӣ ва дӯстона дониста ва гуфт: Иродаи Эрон тақвияти равобити бисёр наздик ва самимона бо Италия аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе пас аз дарёфти устуворномаи Джузеппе Перроне, сафири нави Италия дар Теҳрон бо баёни ин, ки Италия дар солҳои мутамодӣ аввалин шарики тиҷории Эрон дар Аврупо будааст, афзуд: Теҳрон мусаммам аст равобит ва муносиботи деринаи Эрон ва Италия дӯстона ва тавсиаёфта боқӣ бимонад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин, ки таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико ҳеҷ гуна таъсире бар равобити Теҳрон ва Рим нахоҳад гузошт тасреҳ кард: Эрон ва Италия бояд дар шароити кунунӣ бо баҳрагирӣ аз равишҳои ибтикорӣ дар масири афзоиши ҳамкорӣ ва сармоягузории муштарак ва тақвияти муносибот, гомҳои мустаҳкам ва пойдоре бардорад.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин омодагии Теҳронро густариши равобити иқтисодӣ бо Рим эълон кард.

 

Барчасп