Август 18, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
  • Изҳори ҳамдардии Эрон бо давлат ва миллати Афғонистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани инфиҷори террористӣ дар як маросими арӯсӣ дар ғарби шаҳри Кобул, бо давлат ва миллати Афғонистон, бавижа хонаводаҳои қурбониёни ин инфиҷор ибрози ҳамдардӣ кард.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе бо эъломи ҳимояти Теҳрон аз давлат ва миллати Афғонистон, муртакибин ба чунин ҷиноятҳоеро душманони инсоният, сулҳ ва амният ва суботи Афғонистон ва минтақа донист.

Мӯсавӣ бо баёни ин, ки Афғонистон дар ҳоли гузарондани давроне сахт ва сарнавиштсоз аст, ки дар ин роҳ мушкилот ва мавонеи бисёре низ вуҷуд дорад гуфт: Афғонистон метавонад бо иттиҳоди байни давлат ва миллат ва тамоми гурӯҳҳо ва ақвом ва сабуриву дурандешӣ, ин мушкилотро пушти сар бигзорад ва дар ин роҳ ҳамвора Эронро дар канори худ хоҳад дошт.

Инфиҷори террористии шанбешаб дар як маросими арӯсӣ дар Кобул, то кунун 63 нафар куштаву 182 нафар маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст.

 

Барчасп