Трамп, ҳамчунон дар таваҳуми музокира бо Эрон
Раиси ҷуҳурии Амрико пас аз шикаст дар моҷарои тавқифи нафткаши эронӣ, бори дигар муддаъӣ шуд,ки Эрон хоҳони музокира бо вай аст.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Доналд Трамп рӯзи якшанбе дар посух ба суоли хабарнигоре дар бораи иттилооти вай аз нафткаши эронии рафъи тавқифшуда гуфт; эрониён мардуми бо ғуруре ҳастанд ва ман инро дарк мекунам аммо эҳсосам ин аст,ки шояд масалаи Эрон ҳал шавад.
Трамп афзуд; иттилооти наве нест ҷуз ин,ки Эрон низ мехоҳад гуфтугӯ кунад вале намедонад чигуна бояд ин корро анҷом диҳад ва чигуна тамос бигирад.
Трамп бо такрори иттиҳомзаниҳои худ алайҳи миллати Эрон гуфт; онҳо воқеан амалкарди баде доранд ва мо фуруши нафташонро таҳрим кардем; ба тавре,ки дигар дар ҳоли фуруши нафт нест.
Ин иддаъоӣ Трамп дар паи радди дархости Амрико бинобар тамдиди тавқифи нафткаши эронӣ дар тангаи Ҷабал Алториқ тарҳ шуд.
Давлати маҳаллии Ҷабал Алториқ рӯзи якшанбе ба таври расмӣ дархости Амрикоро барои идомаи тавқифи нафткаши Грис 1,ки акнун зери парчами Эрон, номи нави Одрён дарё ба худ гирифтааст,рад кард.
Ин нафткаш 4 июл бо эъмоли фишори Амрико ва ҳамроҳии Британия дар обҳои Ҷабал Алториқ тавқиф ва панҷшанбеи гузашта бо пайгирии дипламатии ҷумҳурии исломии Эрон ва тасмими давлати маҳаллии ин минтақа озод шуд.