Август 19, 2019 14:40 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Натанёҳу барои ҳамлаи густарда ба борикаи Ғазза

Нахуствазири режими Саҳюнистӣ минтақаи борикаи Ғаззаро таҳдид ба ҳамлаи густардаи низомӣ кард.

 Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Фаластин, Алявм; таҳдид, Бинёмин Натанёҳу, барои ҳамлаи густарда ба минтақаи борикаи Ғазза дар ҳоле аст,ки дар паи ҳамлаҳои бомдоди рӯзи якшанбе артиши режими Саҳюнистӣ ба шимоли ин минтақа, се ҷавони фаластинӣ шаҳид ва чор нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҷангандаҳо, болгардҳо, паҳподҳо ва тупхонаи артиши режими Саҳюнистӣ дар моҳҳои ахир борҳо минтақаҳои мухталифи борикаи Ғаззаро ҳадаф қарор додаанд.

Артиши режими Саҳюнистӣ аз декабри соли 2017 даври нави ҳамлаҳои ҳавоӣ ба борикаи Ғаззаро дар дастури кори худ қарор додааст ва ин ҳамлаҳо ҳамвора ба баҳонаҳои дуруғи сурат мегирад.

Дар ҳамлаҳои артиши режимиСаҳюнистӣ ба борикаи Ғазза то кунун ҳазорон фаластинӣ шаҳид ва захмӣ шудаанд.

Режими Саҳюнисӣ аз соли 2007 муҳосираи борикаи Ғаззаро ташдид кардааст.

Барчасп