Август 20, 2019 18:06 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ройзании Зариф бо мақомоти аврупоӣ. Дидор бо вазири умури хориҷии Шведсия

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз дар идомаи ройзанӣ бо мақомоти аврупоӣ бо вазири умури хориҷии Шведсия дидору гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ки асри рӯзи гузашта вориди Стокҳолм, пойтахти Шведсия шудааст, дар дидор бо Маргот Валлстром (Margot Wallström), вазири умури хориҷии Шведсия дар хусуси мавзӯоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, бавижа ҳифзи БарҶОМ ва чигунагии коркарди ИНСТЕКС гуфтугӯ кард. Дидору гуфтугӯ бо Анн Линде (Ann Linde), вазири тиҷорати Шведсия, Карл Билт  (Carl Bildt), нахуствазир ва вазири умури хориҷии собиқи Шведсия ва Эрик Ҳонел, молики киштии англисии тавқифшуда дар Эрон аз барномаҳои имрӯзи вазири умури хориҷии Эрон дар Стокҳолм аст. Зариф фардо низ бо нахуствазир ва раиси маҷлиси Шведсия гуфтугӯ ва ройзанӣ хоҳад кард.

Вазири умури хориҷии Эрон пеш аз ин дар сафар ба Финляндия бо мақомоти ин кишвар дидор карда буд ва дар идомаи ройзанӣ бо мақомоти аврупоӣ низ қарор аст, ба Норвегия ва пас аз он ба Фаронса сафар кунад.