Август 21, 2019 13:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Халиҷи Форс бесуботкунанда аст

Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Ҳузур ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ дар ин оброҳи роҳбурдӣ, бесуботкунанда ва нопазируфтанӣ аст.

Маҷиди Тахтиравонӣ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал барои баррасии чолишҳои сулҳу  амният дар Ховари Миёна таъкид кард, ки ҳар талош барои эҷоди эътилофҳои тасаннуӣ барои амнияти новбарӣ дар минтақаи Халиҷи Форс бо шикаст рӯбарӯ хоҳад шуд.

Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал дар ин нишаст аслитарин ва тӯлонитарин мунозиаи минтақаи Ховари Миёнаро масъалаи Фаластин донист ва тасреҳ кард, то замоне, ки ин бӯҳрон ҳал нашавад, сулҳу амният дар ин минтақа барқарор нахоҳад буд.

Тахтиравонӣ бо баёни ин, ки масъалаи Фаластин ба далели ишғоли ғайриқонунии он аз сӯи режими ҷаълии саҳюнистӣ ба вуҷуд омадааст, хотирнишон кард, ки ин бӯҳрон танҳо аз тариқи поёни иштиғол ҳал хоҳад шуд.