Рӯнамоӣ аз сомонаи бумии Бовар-373 бо ҳузури раиси ҷумҳури Эрон
(last modified Thu, 22 Aug 2019 05:38:06 GMT )
Август 22, 2019 10:38 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз сомонаи бумии Бовар-373 бо ҳузури раиси ҷумҳури Эрон

Ҳамзамон бо 22 август рӯзи саноати дифоӣ дар Эрон сомонаи бумии падофанди бурд ва иртифои баланди Бовар-737 бо ҳузури раиси ҷумҳури Эрон рунамоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сомонаи Бовар-373 муҳимтарин прожаи мушакии падофандии бумии Эрон аст, ки сохти он аз чанд сол пеш шуруъ шуд. Ин сомонаи мушакӣ бо қобилияти дифоъ аз фазо аз сутуҳи поин то иртифои 65 километриро дорад ва бурди он ҳудуди 300 километр аст. Сомонаи мушакии 373 мутаносиб бо шароити рӯз тарроҳӣ ва сохта шудааст ва қобилияти кашф ва шиносоӣ ва авлавиятбандии ҳамзамон 100 ҳадафро дорад ва метавонад бо 6 ҳадаф ба таври ҳамзамон даргир шавад.