Август 25, 2019 14:35 Asia/Dushanbe
  • Cафари Зариф ба Шарқи Дур – идомаи ройзаниҳои минтақаӣ ва байналамилалӣ

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар ростои дипломатияи фаъол ва мутавозини Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз, якшанбе, сафари худ ба Чин, Ҷопон ва Малайзияро оғоз мекунад. Баррасии равобити дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаию байналамилалӣ аз меҳварҳои ройзании вазири хориҷии Эрон бо мақомҳои Чин, Ҷопон ва Малайзия аст.

Дар аҳдофи роҳбурдии ин сафар илова бар ҷанбаи сиёсӣ мавзӯи табодулоти тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба низ бо таваҷҷуҳ ба густариши дипломатияи иқтисодии Эрон ҳоизи аҳамият аст, бавижа он ки Чин, Ҷопон ва Малайзия аз тарафҳои муҳими тиҷорӣ ва нафтии Эрон ҳастанд.

Андри Ю, мудири дафтари байналмилалии Федератсияи саноати нафт ва маводи кимиёии Чин мегӯяд, ширкатҳои чинӣ дар ҳар шароите ба нафти Эрон ниёз доранд ва ба хариди он идома медиҳанд. Ин як риволи оддӣ миёни Эрону Чин аст ва иртиботе ба Амрико надорад. Истодагӣ дар муқобили таҳримҳои якҷонбаи Амрико аҳамияти роҳбурдӣ дорад, зеро иҷмои зидди Вашингтон ба маънои дифоъ аз манофеи ҷаҳонӣ ва фаротар аз масъалаи Эрону БарҶОМ аст.

Ван И, вазири умури хориҷии Чин дар изҳороти ахири худ зимни таъкид бар тавсеаи равобит бо Эрон дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мубориза бо терроризм ва соири заминаҳои мавриди алоқа БарҶОМ-ро дастоварди муҳими дипломатия ва намоди чандҷонибагароӣ дониста, бо радди ҳар гуна якҷонбагароӣ бар азми Чин барои ҳамкорӣ бо Эрон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи ин дастоварди муҳими байналмилалӣ таъкид кард. Акнун даврони инҳисорталабии иқтисодии Амрико дар ҷаҳон сипарӣ шудааст ва Вашингтон қодир ба тағйири ин воқеият нест. Ли Куи Вен, мудири бахши таҳлили омории Созмони гумруки Чин дар ин замина тасреҳ мекунад, Пекин мухолифи якҷонибагароии иқтисодии Амрико ё ҳар кишвари дигаре аст ва қавонини дохилии ин кишвар барои Чин аҳамияте надорад.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон чандҷонибагароӣ аз усули роҳбурдӣ дар равобити дипломатии Эрон аст. Дар ин чорчӯб Эрон дар ҳавзаи ҳамкорӣ бо кишварҳои шарқи Осиё ба Паймони маваддат ва ҳамкории ASAN пайвастааст. Муҳаммадмаҳдии Маликӣ, коршиноси масоили Осиё дар ин замина мегӯяд, пайвастани Эрон ба ин муоҳида ҳокӣ аз навъе пазириши таомул бо Эрон ба унвони як қудрати муҳими минтақаӣ ва таъсиргузори байналмилалӣ аст.

Дипломатияи чандҷонибагароӣ нишон додааст, ки ҳама роҳҳо лузуман ба Вашингтон хатм намешавад. Бар ин асос сиёсати нигоҳ ба Шарқ гоми муҳим дар ростои мувозинасозӣ дар равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ маҳсуб мешавад, ки ба ду далели умда шакл гирифтааст: далели нахуст муқобила бо таҳдидҳои сиёсӣ-иқтисодии ношӣ аз якҷонибагароии Ғарб аст. Далели дувум афзоиши саҳми шарқи Осиё дар арсаи таҳаввулоти байналмилалӣ аст. Дар ин росто дидор аз Ҷопон ва Малайзия низ ба унвони ду мақсади дигари сафари осиёии Зариф ҳоизи аҳамият аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар фарозе аз баёноташон дар дидори ахири Шинзо Абэ, нахуствазири Ҷопон дар Теҳрон дар 13-уми июн хотир нишон карданд, Ҷопон кишвари муҳиме дар Осиё аст ва агар ба густариши равобит бо Эрон тамоил дорад, бояд иродаи қотеи худро нишон диҳад, ҳамон гуна ки бархе кишварҳои муҳим ин иродаро нишон додаанд. Малайзия низ аз аъзои ASAN аст. Муҳимтарин ҳадафи ин созмон талоши кишварҳои узв барои барқарории сулҳи доимӣ, ҳамбастагӣ ва иттиҳоди ҳамешагӣ ва ҳамкориҳои мардумӣ аст.

Шарқи Дури Осиё дар солҳои ахир бинобар тавсеаи иқтисодӣ ба яке аз қутбҳои муҳими сиёсӣ табдил шудааст. Аз ин рӯ сафари раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ба Чин, Ҷопон ва Малайзия, ки дар идомаи музокироти Зариф дар сафари аврупоии вай анҷом мешавад, бо таваҷҷуҳ ба шароити кунунии минтақа ҳоизи аҳамияте дар сатҳи байналамилалӣ аст. Ин ройзаниҳо қатъан ба наздиктар шудани дидгоҳҳо нисбат ба паёмадҳои хатарноки якҷонибагароии Амрико кумак мекунад ва аз ин ҷиҳат ба нафъи сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.