Август 26, 2019 13:59 Asia/Dushanbe
  • Сафари ғайримунтазираи Зариф ба Фаронса

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон асри якшанбе дар сафаре ғайримунтазира ба даъвати Жон Ив Ле Дриан вазири умури хориҷаи Фаронса барои идомаи машваратҳо дар хусуси ибтикороти ахир миёни раисони ҷумҳурии Эрон ва Фаронса дар иртибот бо БАРҶОМ вориди шаҳри Биаритз маҳалли баргузории иҷлоси сарони Гуруҳи 7 шуд.

Зариф гуфтугӯҳояш дар ин сафари кутоҳро созанда таавсиф кард ва изҳор дошт, ду тараф дар ин дидор пешниҳодҳоеро дар бораи наҳваи иҷрои БАРҶОМ ва гомҳое, ки ниёз аст тарафайн бардоранд ироа карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон пеш аз тарки Биаритз бо интишори тасовире аз дидораш бо Эманоел Макрон раиси ҷумҳур ва Жон Ив Ле Дриан вазири умури хориҷаи Фаронса дар Твиттер навишт, депломасии фаоли Эрон дар ростои таҳаққуқи таомули созанда идома дорад.

Зариф ҳамчунин бо ишора ба ҷаласаҳои тавҷеҳии муштаракаш бо намояндагони Британия ва Олмон дар Биаритз гуфт, масири пеши ру душвор аст, аммо арзиши имтиҳон кардан дорад.

Дуввумин сафари Зариф ба Фаронсаро метавон ҳалқаи дигаре аз силсилаи ройзаниҳои Эрон ва Фаронса таи ду моҳи гузашта арзёбӣ кард. Зариф ҳафтаи гузашта низ пас аз дидор аз се кишвари Финландия, Шветсия ва Норвегия ва ба рағми он ки аз қабл барномае барои сафар ба Фаронса пешбинӣ нашуда набуд, дар Париж бо мақомоти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карда буд.

Ҳар чанд ки дуввумин сафари Зариф ба Париж онҳам ҳамзамон бо баргузории иҷлоси Гуруҳи 7 кишвари саноатӣ гумоназаниҳоеро дар маҳфилҳои хабарӣ ва сиёсӣ ба дунбол дошт, аммо ин дидорро низ ҳамчунон мебоист дар чорчуби машваратҳо барои дастёбӣ ба як роҳи ҳал дар ҷиҳати амалисозии ҳуқуқи барҷомии Эрон ва коҳиши таниш дар минтақа тафсир кард. Бо ин ҳол дар арзёбии нақши Фаронса дар ин замина ду дидгоҳ вуҷуд дорад.

Дидгоҳи аввал, нигоҳи мусбат аммо ҳамроҳ бо эҳтиёт ба депломасии Фаронса дар баробари БАРҶОМ аст.

Дидгоҳи дуввум, арзёбии депломасии Фаронса дар ростои гушудани боби Музокира дар мавзӯъҳои фаробарҷомӣ аст, ки чунин гузинае пештар аз сӯи Эрон мардуд эълом шудааст.

Ҳасани Доноифард сафири собиқи Эрон дар Ироқ дар таҳлили нақши Фаронса барои ҳифзи БАРҶОМ мегуяд, Фаронса дар мавзӯи БАРҶОМ ҳамеша ба дунболи нақши хос ва вижае будааст.

Фаронса дар ин замина бархе мавоқеъ тундтарин гуишҳоро дошта ва баъзе мавоқеъ саъй дошта бо як адабиёти хос таваҷҷуҳи Эронро ба худ ҷалб кунад. Тамосҳои телефонии Макрон бо раиси ҷумҳури Эрон ва ҳамчунин мусоҳибаҳои Макрон дар хусуси БАРҶОМ нишон медиҳад, ки Фаронса ҳамчунон ба дунболи ҷойгоҳи вижае дар ин хусус аст, аммо дар ин ки  оё ин нақш дар ростои дифоъи ҳақиқӣ аз БАРҶОМ аст ё ҳифзи манофеи Амрико ҳануз тардид вуҷуд дорад.

Ончи мусаллам аст акнун Аврупо ин пайёмро ба дурустӣ дарёфт карда, ки Эрон барои бардоштани гоми севвуми коҳиши тааҳудоти барҷомии худ комилан ҷиддӣ аст. Даъват аз Зариф барои идомаи ройзаниҳо ҳамзамон бо баргузории иҷлоси Гуруҳи 7 низ муаяди ҳамин нукта аст. Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба нақзи аҳди тарафҳои аврупоӣ дар иҷрои тааҳудоти БАРҶОМ бо таъини муҳлатҳои 60 рӯза ва эҷоди гомҳои аввал ва дуввум коҳиши тааҳудоти худро амалиётӣ кардааст. Бархе манобе изҳор кардаанд Фаронса аз Эрон интизор дорад фаолиятҳо ва тааҳудоти худро дар баробари БАРҶОМ коҳиш надиҳад ва аз Амрико низ хостааст, ки таҳримҳоро барои муддате мутаваққиф кунад. Аммо Аврупо қатъан инро медонад, ки идомаи тааҳудоти БАРҶОМ барои Эрон то замоне мантиқӣ ва ақлонӣ аст, ки манофеи Эрон аз БАРҶОМ муҳаққақ шавад. Лизо ҳаргуна тарҳе хориҷ аз ин чорчуб аз назари Эрон на қобили музокира аст ва на пазируфтанӣ хоҳад буд.

Вазири умури хориҷаи Эрон масири тайшуда аз сӯи Фаронсаро дар маҷмуъ мусбату созанда медонад, аммо бори дигар ин нуктаро хотирнишон кард, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд ба тааҳудоти худ дар қолиби БАРҶОМ ва ҳамчунин тааҳудоте, ки баъд аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз ин тавофуқи байналмиллалӣ додааст пойбанд бошад.