Август 27, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Амири Абдуллоҳиён: посухи Ҳизбуллоҳ ба режими саҳюнистӣ фалаҷкунанда хоҳад буд

Дастёри вижаи раиси маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал таҷовузи Тел-Авив ба Бейрутро хатои муҳосиботӣ донист ва пешбинӣ кард: посухи Ҳизбуллоҳ ба режими саҳюнистӣ шок овар ва фалаҷкунанда хоҳад буд.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садо ва Симо, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар паёме дар Твиттер ҳушдор дод: бетардид саҳюнистҳо товони сангине барои таҷовузашон ба Лубнон, Сурия ва Ироқ пардохт хоҳанд кард.

Вай бо таъкид бар ин ки муодила тағйир нахоҳад кард ҳифзи амнияти пойдорро хатти сурхи минтақа донист.

Шанбешаб 2 паҳподи исроилӣ ба ҳарими ҳавоии Лубнон таҷовуз карданд.

Ҳамчунин ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ шанбешаб чандин мушак ба самти рустои Ақрабо дар ҷануби Димишқ пойтахти Сурия партоб карданд.

Мақарҳои низомии вобаста ба Созмони басиҷи мардумии Ироқ  Ҳашдуш-Шаъбӣ ҳам таи як моҳи ахир чаҳор бор ҳадаф қарор гирифтаанд.