Август 27, 2019 16:43 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазири умури хориҷии Эрон бо вазири умури хориҷии Ҷопон

Вазирони умури хориҷии Эрону Ҷопон дар бораи равобити дуҷониба, охирин таҳаввулоту таҳаррукоти дипломатӣ дар хусуси иҷрои БарҶОМ, муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла шароит дар Халиҷи Форс ва Ховари Миёна дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ки ба Ҷопон сафар кардааст, рӯзи сешанбе бо Коно Таро, вазири умури хориҷии ин кишвар дар шаҳри бандарии Иокоҳама дидор ва табодули назар кард.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон пеш аз сафар ба Ҷопон ба Чин рафт ва бо Ванг И, вазири умури хориҷии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Баррасии абъоди мухталифи равобити дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналамилалӣ аз меҳварҳои гуфтугӯи вазирони умури хориҷии Эрон ва Чин буд. Зариф дар идомаи сафари осиёии худ қарор аст, фардо, чаҳоршанбе, ба Малайзия биравад.

Чин ва Ҷопон аз шуракои иқтисодӣ ва харидорони суннатии нафти Эрон ҳастанд.

 

Барчасп