Август 27, 2019 19:19 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Ҷопон: Механизми молии вижаи Эрон бо Ҷопон тарроҳӣ мешавад

Сафири Эрон дар Ҷопон гуфт, барои афзоиши мубодилоти иқтисодии дуҷониба мубодилоти молии Теҳрону Токио тасҳил мешавад.

Муртазо Раҳмонии Муваҳҳид, сафири Эрон дар Ҷопон рӯзи сешанбе, ҳамзамон бо сафари Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ба он кишвар дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, ҳамакнун равобити иқтисодии ду кишвар таҳти таъсири терроризми иқтисодии Амрико қарор гирифтааст, аммо давлати Ҷопон бидуни таваҷҷуҳ ба иқдомоти якҷонбаи Амрико дар ҷиҳати таъмиқи муносиботи дӯстона бо Эрон талош мекунад. Сафири Эрон дар Ҷопон тасреҳ кард, Эрону Ҷопон равобити таърихӣ ва дӯстонае доранд ва дар шароити феълӣ роҳкорҳои мухталифе дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад, ки метавонанд муносиботи ду кишварро афзоиш диҳанд.

Раҳмонии Муваҳҳид дар бораи зарфияти сармоягузории Ҷопон дар Эрон гуфт, мувофиқатномаи ҳимоят аз сармоягузории мутақобил, ки пас аз тавофуқи БарҶОМ байни ду кишвар имзо шуд, бистари лозимро барои ҳузур ва фаъолияти ширкатҳои ҷопонӣ ва сармоягузории онҳо дар Эрон беш аз пеш фароҳам кардааст.

Ҷопон аз харидорони аслии нафти Эрон аст.

 

Барчасп