Август 28, 2019 09:48 Asia/Dushanbe
  • Қатъи барқи содиротии Эрон ба Афғонистон бар асари ҳамлаи

Барқи содиротии Ҷумҳурии исломии Эрон ба шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон бар асари ҳамлаи "Толибон" қатъ шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Ово, ширкати барқи вилояти Ҳирот эълом кард, "Толибон" бо инфиҷори мина, як дакали барқи воридотӣ аз Ҷумҳурии исломии Эронро дар минтақаи Коризмуҳаммад Хон, шаҳристонит Ғуриёни ин вилоят мунҳадим карданд.

Гуфтанӣ аст, ки аз аввалҳои соли 2005 мелодӣ то кунун, барқи манотиқи мухталифи Ҳирот дар ғарби Афғонистон аз Эрон таъмин мешавад.

 

Барчасп