Август 28, 2019 11:47 Asia/Dushanbe
  • Сафари Зариф ба Жопон; амният дар минтақа аз нигоҳи Теҳрон

Эрон ва Жопон манофеи вижае дар амнияти бозорҳои энержӣ ва ҳамчунин субот дар Халиҷи Форс доранд.

Таро Коно вазири умури хориҷаи Жопон рӯзи сешанбе дар ҳоле, ки Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар канораш истода буд дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, мо дар бораи танишҳо дар Ховари Миёна нигарон ҳастем ва умедворем, ки талошҳои депломатике барои коҳиши танишҳо анҷом шавад.

Вазири умури хориҷаи Эрон пеш аз сафараш ба Жопон дар Пекин низ бо Вонг Йи ҳамтои чинии худ дидор кард. Зариф қарор аст дар идомаи сафараш ба шарқи  Осиё, имрӯз пас аз дидор бо Абе Шинзо нахуствазири Жопон роҳии Малайзия шавад.

Жопон агар чи дар тавофуқи чандҷонибаи БАРҶОМ ҳузуре мустақим надорад, аммо мавзеъҳои ин кишвар ба унвони як қудрати бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ ба вузуҳ нишон медиҳад, ки Токио аҳамияти пойбандӣ ба БАРҶОМ ва ҳифзи субот ва амният дар минтақаро ба хубӣ дарк мекунад.

Воқеият ин аст таъсироти мухарриби иқдомоти якҷонибаи Амрико маҳдуд нест ва агар Аврупо ва кишварҳое монанди Чин, Жопон, Русия ва Ҳинд дар муқобили якҷонибагароии Амрико истодагӣ ва мухолифат накунанд, идомаи ин раванд қатъан ҳазинаи сангине дар ҳамаи заминаҳо хоҳад дошт.

Эътирозҳо нисбат ба бетаваҷҷуҳӣ ба қонунҳои байналмиллалӣ ва нақзи мукаррари ҳуқуқи байналмиллал акнун ҳатто аз сӯи ҳатто муттаҳидони наздики Вашингтон аланӣ шудааст.

Жопон Таймз дар ин бора менависад, вазъияти минтақа матлуб нест. Иқдомоти Амрико боиси таниши шадиде дар минтақа шудааст. Дар ин шароит бисёр муҳим хоҳад буд, ки кишвари бетарафе монанди Жопон вориди амал шавад.

Жопон агар чи иқдоми малмусе дар мухолифат бо таҳримҳои Амрико анҷом надодааст, аммо нигарониҳои худро аз идомаи танишҳо пинҳон намекунад. Сафари чанд моҳи қабли нахуствазири Жпон ба Теҳрон албатта ин пайёмро ба ҳамроҳ дошт, ки Эрон ба унвони як бозигари муҳим ва таъсиргузор дар сатҳи байналмиллалӣ аст. Зимни он ки зарфиятҳои бузурги Эрон дар арсаи иқтисодӣ барои Жопон ҳамвора дорои аҳамият будааст.

Рӯзномаи жопонии Никӣ дар ин бора менависад, ҳаррӯз депломатҳо ва масъулон бештар аз гузашта аз мақомҳои Жопон мехоҳанд сафари худ ба Эронро анҷом диҳанд ва иҷоза надиҳанд то Токио беш аз ин рақибони осиёӣ ва аврупоии худ дар Эрон ақиб бимонад.

Амрико дар ду соли гузашта фишори зиёде бар муттаҳидони аврупоӣ ва осиёии худ ворид кард, то Эронро мунзавӣ кунад, аммо ба натиҷа нарасидааст. Акнун низ бозии Амрико дар замини Аврупо бо тарфанди дубораи музокира низ ҳамон сарнавиштро дорад. Вашингтон кишварҳоеро, ки метавонанд мушаввиқҳои иқтисодӣ барои Эрон дошта бошанд ба майдон фиристода, то аз тариқи онҳо шояд битавонад Теҳронро ташвиқ ба пазириши хостаҳои худ кунад. Дар воқеъ амрикоиҳо таҳдидоти низомиро ба фишори равонии депломатик тағйир додаанд, ки ҳар ду боя ҳадаф ва коркарди мушаххас яъне шикастани муқовимати Эрон ва бозгардондани Эрон ба пои мизи музокироти бидуни натиҷа танзим шудааст.

Такрори мутолиботи фаробарҷомӣ ва таваҳумоти Кохи Сафед ва бархе муттаҳидони аврупоиаш дар чанд рӯзи ахир барои музокираи дубора ва дар айни ҳол идомаи таҳдидҳо алайҳи Эрон нишон медиҳад, ки ибрози тамоюли сарони Кохи Сафед барои музокира ва канор гузоштани ихтилофот бо Эрон навъе бозии депломатик аст, ки барои бароварда кардани ҳадафҳои Вашингтон дунбол мешавад. Амрико талош мекунад бозии сиёсӣ дар баробари Эрон дар қолиби муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва як дастовард аз ҷониби Трамп нишон медиҳад, то дар арсаи дохилӣ ба унвони барги барнад дар интихоботи 2020 матраҳ шавад.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе дар маросими оғози амалиёти иҷроии сохти 110 ҳазор воҳиди маскунӣ дар Теҳрон бо баёни ин ки кишваре наметавонад Эронро шикаст диҳад гуфт, онҳое, ки бо терроризми иқтисодӣ мардуми Эронро таҳрим кардаанд бояд ба тааҳудот ва роҳу масири хатое, ки интихоб кардаанд, боз гарданд ва бо эҳтиром ва такрим ҳуқуқи миллати Эронро ба расмият бишносанд.