Август 30, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Тоҷикистон бар густариши робитаҳои дуҷониба

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор ва ду тараф бар густариши робитаҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо таъкид карданд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА, Муҳаммад Тақӣ Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи ин кишвар бо ишора ба иродаи мақомоти ду кишвар бар густариши робитаҳо, гуфт; ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоми заминаҳо, омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин дидор, Эронро кишвари муҳим дар минтақа ва ҷаҳон донист ва афзуд ; Эрон ва Тоҷикистон иштирокоти фаровоне аз ҷумла диннӣ, фарҳангӣ, тамадуни таърихӣ доранд ва  ин иштирокот, заминаи муносибатиро дар ҷиҳати тавсиъаи ҳарчи бештари муносибатҳои ду кишвар фароҳам кардааст.

Муҳриддин ҳамчунин бо ишора ба сафари ахири Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон ва ширкати вай дар канфронси Таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё  гуфт; ин сафар паёмадҳои хубе ба ҳамроҳ доштааст.

 Раиси ҷумҳурии Эрон, 15 июн дар панҷумин канфронси Сарони Сико мавозеъ ва дидгоҳҳои ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси мавзуъоти муҳими минтақаро дар ҷамъи сарон ва мақомоти беш аз 20 кишвари ҷаҳон, табйин ва ташриҳ кард ва дидоре ҳам бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дошт.

Барчасп