Август 31, 2019 19:21 Asia/Dushanbe
  • Сояи бузургтарин парчами “Ё Ҳусайн (а)” бар сари Теҳрон

Парчами ҳазорметрии “Ё Ҳусайн (ъ)” ба муносибати оғози моҳи муҳаррамулҳаром бар фарози Теҳрон афрошта шуд.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси эъломи шаҳрдории Теҳрон, ин парчам ба унвони бузургтарин парчами Эрон ва севумин парчами дунё, ҳазору 56 метри мурабаъ аст, ки бар пояи 150 метрӣ қарор гирифтааст.

Image Caption

Фардо, (якшанбе), 10 –уми шаҳривари 1398 –и ҳиҷрии шамсӣ, баробар бо якуми сентябри соли 2019, аввали муҳаррамулҳароми соли 1441 –и ҳиҷрии қамарӣ аст.

Имом Ҳусайн (а), набераи гаронқадри расули Худо ва сарвару солори шаҳидони ҷаҳон, ки дар даҳуми муҳаррами соли 61-и ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд, бо фидокории беназири хеш дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омӯхт.

Имом Ҳусайн (а) дар воқеаи Карбало ошкоро таъкид карданд: “Мақсуди ман, расво кардани ҳукумати зиддиисломӣ ва барпо доштани амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва истодагӣ дар баробари зулму ситамгарӣ аст.

 

Барчасп