Сентябр 02, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҳамкориҳои Эрон ва Русия ба нафъи ҳама аст

Вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард, ҳамкориҳои Теҳрон ва Маскав ҳамаҷониба аст ва қатъан ба нафъи миллатҳои ду кишвар, минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи душанбе дар конфронси хабарии муштарак бо ҳамтои руси худ дар Русия гуфт, комиссияи ҳамкориҳои муштараки ду кишвар нақши вижа дар густариши равобити ду кишвар доштааст ва имрӯз ҳамроҳи ман вазири энержии Эрон низ ба Русия омадааст ва бо ҳамтои руси худ барои густариши иқдомот табодули назар хоҳад кард.

Вай гуфт: “Равобити мо ва Русия дар сатҳи қобили қабуле аст, ҳарчанд, ки амрикоиҳо барои онон, чиниҳо ва дигар кишварҳо мавонее эҷод кардаанд, ҳамкорони ман ба Фаронса рафтаанд то тааҳҳудоти се кишвари аврупоиро дар БарҶом баррасӣ кунанд”.

Зариф изҳор дошт: “Агар аврупоиҳо натавонанд дар таърихи муайян ба тааҳҳудоташон амал кунанд, иқдомоти марҳалаи севум қатъан иҷро хоҳад шуд, аммо борҳо гуфтаем, ҳар замон аврупоиҳо БарҶомро комил иҷро кунанд, мо ҳам омодагӣ дорем онро комил анҷом диҳем”.