Ироқчӣ: Ҳаргӯна таҷовуз ба зерсохтҳои Эрон бо посухи қудратманд рӯбарӯ хоҳад шуд
Июл 23, 2026 11:09 Asia/Dushanbe
-
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар вокуниш ба лаффозии ахири раисиҷумҳури Амрико ҳушдор дод: Ҳаргӯна таҷовуз ба зерсохтҳои мо, бо посухи қудратманд рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар фазои маҷозӣ дар вокуниш ба лаффозии ахири раисиҷумҳури Амрико навишт: Доктринаи дифоии мо равшан аст: чашм дар баробари чашм.
Вай афзуд: Ҳаргӯна таҷовуз алайҳи Эрон, аз ҷумла алайҳи зерсохтҳои мо, бо посухи қотеъ, қудратманд ва таъйинкунанда рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҳар тарафе, ки дар чунин таҷовузе мушорикат дошта бошад ё аз он ҳимоят кунад, ба унвони ҳадафе машрӯъ талаққӣ хоҳад шуд.
Барчасп