Сентябр 02, 2019 21:06 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти Эрон тибқи барнома пеш хоҳад рафт

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, агар аврупоиҳо натавонанд тааҳҳудоташон дар БарҶомро иҷро кунанд, гоми севуми Эрон иҷро хоҳад шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар конфронси хабарии муштарак бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав бо ишора ба баррасии наҳваи иҷрои тааҳҳудоти барҷомии тарафи аврупоии БарҶом дар сафари ҳайати дипломатии Эрон ба Фаронса гуфт, он чӣ раисҷумҳури Фаронса бо шарикони амрикоии худ идома медиҳанд, марбут ба фаронсавиҳо ва Иттиҳоди Аврупост ва он чӣ барои Эрон аҳамият дорад, иҷрои тааҳҳудоти Аврупо дар БарҶом аст.

Зариф ҳамчунин бо баёни ин ки дидгоҳи Эрон ва Русия дар хусуси амнияти минтақаи халиҷи Форс ба ҳам наздик аст, афзуд: “Мутаассифона, Амрико бо ҳузур дар халиҷи Форс боиси афзоиши таниш дар ин минтақа шудааст”.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба талоши Эрон дар канори Русия ва Туркия барои эҷоди амнияти нисбӣ дар Сурия гуфт: Ҳузури Амрико дар Сурия ғайриқонунӣ, мухарриб ва нақзи ҳокимияти Сурия аст ва ин ҳузур муҷиби тақвияти ихтилофоти қавмӣ ва эҷоди бархе ихтилофоти қавмии дарозмуддат дар Сурия шудааст.

Лавров низ дар ин конфронс бо баёни ин ки коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БарҶом натиҷаи иқдомоти худсаронаи Амрико аст, афзуд, амрикоиҳо бо вуҷуде, ки аз БарҶом хориҷ шудаанд, муддаӣ ҳастанд, ки Эрон бояд ба тааҳҳудоти худ дар ин тавофуқ амал кунад, ҳол он ки ин раванд аз нигоҳи Русия дуруст нест.