Зариф: Бо қонуншиканиҳои Амрико "БарҶом" мутаваққиф намешавад
(last modified Tue, 03 Sep 2019 04:59:19 GMT )
Сентябр 03, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Бо қонуншиканиҳои Амрико

Вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Раша тодэ гуфт: аврупоиҳо бояд бидонанд, ки иштиҳои Амрико барои қонуншиканӣ бо поймолсозии "БарҶом" мутаваққиф намешавад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, ки барои дидор бо масъулони Русия ба Маскав сафар кардааст, душанбешаб дар гуфтугӯ бо шабакаи " Раша тодэ " бо таъкид бар пойбандии тарафҳои аврупоӣ ба Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак ("БарҶом") бо Эрон ,гуфт: Аврупоииҳо бояд бидонанд, ки иштиҳои Амрико барои нақзи қонунҳои байналмиллалӣ дар ҳар ҷо ва ҳар замоне, ки ба нафъи онҳо бошад бо "БарҶом"  мутаваққиф намешавад.

 Зариф бо ишора ба поймолсозии уҳдадориҳои байналмиллалӣ аз сӯи Америка аз ҷумла дар робита бо Паймони силоҳҳои атомии миёнбурд ва Паймони тағйироти обу ҳавоӣ  гуфт: Ин иқдомоти Амрико дар поён ба нафъи худи онҳо ҳам нахоҳад буд.

 Вазири умури хориҷаи  Эрон афзуд: Агар як кишвар аз рӯйи одат шурӯъ ба қонуншиканӣ кунад, онгоҳ шоҳиди ҳокимияти қонун нахоҳем буд ва ҷомеаи байналмиллалӣ дучори ҳарҷу марҷ хоҳад шуд.

 Машруҳи изҳороти Зариф имрӯз  аз ин шабакаи телевизионӣ пахш хоҳад шуд.