Рӯҳонӣ: Эрон ҳаргиз вориди музокираи дуҷониба бо Амрико намешавад (видео)
(last modified Tue, 03 Sep 2019 11:46:43 GMT )
Сентябр 03, 2019 16:46 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон ҳаргиз вориди музокираи дуҷониба бо Амрико намешавад (видео)

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, музокираи дуҷониба бо Амрико дар ҳеҷ мақтае матраҳ набуда ва нест.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе бо ҳузур дар ҷамъи намояндагони мардум дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ муқовимати дохилӣ ва дипломатияи фаъолро роҳбурди давлати Эрон дониста гуфт, душманони Инқилоби Исломӣ медонанд, ки ҷанги таҳмилии иқтисодии Амрико зидди Эрон ҳамонанди ҷанги таҳмилии низомии 30 соли қабл натиҷае нахоҳад дошт.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки роҳбурди Эрон дар муқобили тавтеаи Амрико роҳбурди сабри инқилобӣ ва тадбири ақлонӣ аст, тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ин роҳбурд дар саҳнаи байналмилал танҳо намонд ва тавонист Амрикоро дар инзивоъ қарор диҳад. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, имрӯз Амрико ва ҳампаймононаш танҳо мондаанд ва миллати Эрон худро дар канори миллатҳо ва ҳатто давлатҳои бузурги ҷаҳон мебинад. Рӯҳонӣ ҳамчунин бо баёни ин ки баъд аз як соли сабри роҳбурдӣ сиёсати коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон оғоз шудааст, афзуд, агар Аврупо натавонад ба тааҳҳудоти барҷомии худ амал кунад, Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъан гоми сеюми коҳиши тааҳҳудоти худ дар ин тавофуқро бар хоҳад дошт.

Эрон 8 майи соли 2019 бахше аз тааҳҳудоти худро бо истинод ба бандҳои 26 ва 36-и тавофуқномаи БарҶОМ таълиқ  ва ҳафтуми июл низ фароянди убур аз сатҳи ғанисозии 3.67 дарсадро оғоз ва эълом кард, дар сурати идомаи бетаҳаррукии барҷомии аврупоиҳо аз 6-уми сентябр гоми сеюми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худро иҷро мекунад.

 

Барчасп