Нахустин шаби азодории маросими ҳазрати Саидушуҳадо (а) бо ҳузури Раҳбари Инқилоб
Нахустин шаб аз маросими азодории ҳазрати Абоабдуллоҳ Алҳусейн (а) бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳусейнияи имом Хумайнӣ (р ) баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин маросим,ки қишрҳои мухталифи мардум ва ҷамъе аз масулон ҳузур доштанд, ҳуҷатулислом валмуслимин Сидиқӣ суханронӣ кард ва мадоҳон бар мусибатҳои ҳазрати Саидушуҳадо (а) марсия сарои ва навҳахонӣ карданд.
Маросими азодории аёми шаҳодати ҳазрати Абоабдуллоҳ Алҳусейн (а) аз шаби ҳафтум то шаби давоздаҳуми муҳарами 1441 ҳиҷрии қамарӣ ( 6 то 11 сентиябри 2019 ) ба муддати 6 шаб дар ҳусейнияи имом Хумайнӣ (р )и Теҳрон бо ҳузури ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ баргузор мешавад.
Имом Ҳусейн (а) ва ёрони бовафояшон дар даҳуми муҳарами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбалло ба шаҳодат расиданд.