Сентябр 07, 2019 14:48 Asia/Dushanbe
  • َФармондеҳи артиши Эрон; ҳамагон нобудии режими Саҳюнистиро хоҳанд дид

Фармондеҳи артиши ҷумҳурии исломии Эрон гуфт; Ҷабҳаи муқовимат, Амрико ва низоми султаро аз қудрат ба зер хоҳад кашид ва ҳамагон нобудии режими Саҳюнистиро ба чашм хоҳанд дид ва он рӯз дер нест.

Ба нақл аз шабакаи Алолам, Амир сарлашкар Сайид Абдураҳим Мусавӣ ҷумъа шаб дар маросиме дар Қум ( ҷунуби Теҳрон ) самараи дилбастагӣ ба бегонагонро нобудӣ ва аз байн рафтан донист ва гуфт; режими Саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ғайр аз ғорат ва таҷовуз чизи дигаре надоштааст.

Мусавӣ муқовиматро танҳо роҳи муқобила бо Амрико ва зиёдахоҳиҳои он баршумурд ва афзуд; Амрико ба иллати шикастҳои мухталиф дар минтақа, саргардон ва сархурда шудааст.

Фармондеҳи кули артиши Эрон таъкид кард; душманон медонанд,дар сурати бурузи ҳаргуна ноамнӣ ва таниш дар минтақа дар ноамнтарин вазъият қарор хоҳанд гирифт,ки ин боздорандагӣ дар баробари таҳдидоти душманон ба воситаи тадбирҳои фармондеҳи кулли қувост.

Барчасп