Солеҳӣ: Эрон дар ҷоддаи яктарафаи БАРҶОМ тасмимоти муносибро иттихоз мекунад
(last modified Sun, 08 Sep 2019 12:38:29 GMT )
Сентябр 08, 2019 17:38 Asia/Dushanbe
  • Солеҳӣ: Эрон дар ҷоддаи яктарафаи БАРҶОМ тасмимоти муносибро иттихоз мекунад

Раиси созмони энергияи атомии Эрон дар дидори сарпарасти Агентии байналмилалии атомӣ гуфт: Эрон дар ҷоддаи яктарафи БАРҶОМ тасмимиоти лозимаро дар замони муносиб иттихоз мекунад ҳамчунон, ки дар се гом ин корро анҷом додааст.

Алиакбари Солеҳӣ, раиси Создмони энергияи атомии Эрон рӯзи якшанбе пас аз дидори Карнел Ферута, сарпарасти Агентии байналмилалии энергияи атомӣ дар Теҳрон дар конфронси хабарии муштарак бо баёни ин, ки қарор буд БАРҶОМ ҷоддаи дутарафа бошад ва ҳол, ки ин ҷодда яктарафа шудааст, тасреҳ кард: Иттиҳодияи Аврупо қарор буд ҷойгузини ҷои холии Амрико дар БАРҶОМ бошад ва он халаъро пур кунад.

Солеҳӣ афзуд: Ҳатто бадтар аз он, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ин иттиҳодия то замоне ба БАРҶОМ мутаҳҳид хоҳад буд, ки Эрон мутааҳҳид бошад.

Раиси Созмони энергияи атомии Эрон бо ишора ба ҳусни нияти Эрон дар музокироти БАРҶОМ тасреҳ кард: Мутаассифона тарафи муқобил натавонист худашро мулзам ба тааҳҳудот бидонад ва аз БАРҶОМ хориҷ шуд.

Солеҳӣ бо ибрози таассуф аз нотавонии Иттиҳодияи Аврупо дар амал ба ваъдаҳояш дар БАРҶОМ ибрози умедворӣ кард: Ҳамкориҳои Эрон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ идома дошта бошад.

Карнел Ферута низ бо таъкид ба ин, ки Агентии байналмилалии энергияи атомӣ муштоқона тамоюл ба тадовуми ҳамкориҳо бо Эрон дорад, афзуд: Ин созмон омода аст, ба сурати ҳирфаӣ ва бетараф ба кори худ идома диҳад.