Июл 21, 2016 16:33 Asia/Dushanbe
  • Дархости дабири кулли Созмони милал аз қудратҳои ҷаҳонӣ барои иҷрои БАРҶОМ

Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони милал рӯзи чаҳоршанбе аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост, итминон ҳосил кунанд тавофуқи торихии ҳастаӣ бо Эрон барои мардуми Эрон манофее эҳсоскунанда эҷод кунад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтер", вай ин изҳоротро баъд аз он баён кард, ки Эрон таъкид кард, аз коҳиши таҳримҳо ба таври комил манфиат набурдааст.

Бон Ки Мун дар нахустин гузориши худ ба Шӯрои амният дар бораи иҷрои БАРҶОМ  ба шикояти Эрон аз маҳдудиятҳои судури раводид ва таваққуфи дороиҳои Бонки марказии Эрон дар Амрико ва ҳамчунин лағв нашудани комили таҳримҳо ишора кардааст.

Амрико аммо аз ин иқдоми Бон Ки Мун интиқод кард.

Саманта Повер, сафири Амрико дар Созмони милал дар нишасти Шӯрои амният гуфт, Амрико бо бахшҳои мухталифи ин гузориш комилан мухолиф аст.

Повер афзуд: "Шӯрои амнияти Созмони милал ба Бон Ки Мун ихтиёр надодааст, ки дар бораи масоиле аз ҷумла шикояти Эрон аз раванди коҳиши таҳримҳо дар чорчӯби мувофиқатномаи ҳастаӣ гузориш ироа кунад.

Бон Ки Мун аммо дар баёнияе, ки дирӯз мунташир кард, бори дигар аз Амрико хостааст, барои равшан шудани ҳудуди коҳиши таҳримҳо ва ташвиқи тавофуқоти тиҷорӣ кори бештаре анҷом диҳад.

Бонкҳои аврупоӣ, ки шуморе аз онҳо ба хотири нақзи таҳримҳои Эрон муҷозот шудаанд, дар бораи азсаргирии равобити тиҷорӣ бо Эрон тардид доранд ва мегӯянд, ки бояд ба онҳо тазмин дода шавад, ки дубора муҷозот нахоҳанд шуд.

Замзамаҳое ки аз даруни Амрико ба гӯш мерасад, аммо баёнгари идомаи ҷараёнҳое аст, ки ҳарчанд фоқиди ҷанбаи иҷроӣ аст, аммо нишондиҳандаи руйкардҳои манфӣ ба БАРҶОМ аст, ки дар қолаби дастабандиҳои сиёсии дохилии Амрико матраҳ мешаванд. Дар ҳамин хусус, дар санади марбут ба барномаи ҳизбии ҷумҳурихоҳон барои соли 2016 ба БАРҶОМ ишора шуда ва дар он омадааст: "Мо тавофуқи давлати Амрико бо Эрон баро бардоштани таҳримҳои байналмилалиро як тавофуқи шахсӣ миёни раисҷумҳури Амрико ва шуракои музокиракунандааш талаққӣ мекунем ва онро барои раиси ҷумҳурии баъдии Амрико илзомовар дар назар намегирем".

Возеҳ аст ки ин гуна мавозеъ ва суханбозиҳо дар хусуси лағв шудани БАРҶОМ аз тағйири раёсатҷумҳурӣ дар Амрико таҳти таъсири лоббиҳои саҳюнистӣ дар фазои интихоботии Амрико ва бо масрафи таблиғотӣ барои ҷалби назари афкори умумӣ матраҳ шудааст.

Як соли пеш Шӯрои амнияти СММ қатъномаи 2331 ро тасвиб кард, ки тайи он Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак дар бораи масъалаи ҳастаии Эронро таъйид кард ва ин як тааҳҳуди илзомовар аст. Чунончӣ дар дигар гузориши дабири кулли СММ низ тасреҳ шудааст, ҳамаи тарафҳо бояд ба тааҳҳуди худ дар БАРҶОМ амал кунанд.

Эрон интизор дорад, ки дабири кулли СММ мавориди кутоҳии Амрико ва бархе дигар аз кишварҳои аъзои 5 ба иловаи 1 ро дар амал ба тааҳҳудоти БАРҶОМ бо сароҳати бештаре инъикос кунад.

Дар ҳамин хусус Сергей Рябоков, муовини вазири хориҷаи Русия ва музокиракунандаи аршади Русия дар музокироти Эрон ва 5+1 рӯзи чаҳоршанбе аз ҷиддӣ гирифта шудани шикоятҳои Эрон дар бораи адами пойбандии Амрико ва Аврупо ба БАРҶОМ хабар дод.

Рябоков гуфт, Маскав интиқоди Эрон аз Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ба далели адами комили БАРҶОМ ро баррасӣ хоҳад кард.

Табиист ки ҳифзи БАРҶОМ тобеъ аз иқдоми мутақобил ва итиминон аз амал ба тамоми тааҳҳудоти ду тараф аст. Ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ кардааст, ки дар сурати адами пойбандии тарафи муқобил, иқдоми зарурии мутақобилро амалӣ хоҳад кард.

Тибқи мусаввабаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, дар масири БАРҶОМ роҳи баргаште ҳам вуҷуд дорад ва агар тарафҳои муқобил ба тааҳҳудоташон амал накунанд, Эрон метавонад аз БАРҶОМ канор бикашад.

Дабири кулли СММ агарчӣ нақше дар фароянди тадвини БАРҶОМ надоштааст, аммо акнун ки яксол аз БАРҶОМ мегузарад, бар зарурати иҷрои комили БАРҶОМ таъкид дорад. Зеро итминон дорад, ки таъхиру диранг дар раванди иҷрои БАРҶОМ ба нафъи ҳеч як аз тарафҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ нахоҳад буд.

 

 

Барчасп