Сентябр 13, 2019 16:50 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Муқовимати мардуми минтақа баргирифта аз Ошурост

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба муқовимати мардуми Сурия, Лубнон, Ироқ, Баҳрайн ва Яман дар баробари мустакбирон таъкид кард: Муқовимати мардуми минтақа баргирифта аз Ошурост.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммад Ҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин, ки инқилоби исломӣ чил сол аст, ки бо мадрасаи Ошуро футуҳоти мондагоре ба даст овардааст афзуд: Мадрасаи Ошуро  бо дарси истиқомат, истодагӣ ва басират, фарҳанги имрӯзи ҷомеаҳои башариро ба фарҳанги инқилобӣ, муқовим ва пирӯз табдил кардааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Абутуробифард бо таъкид бар ин, ки мусулмонон бояд душманшинос бошанд тасреҳ кард: Амрико ва мусатакбирон нигарони пирӯзиҳои ҷабҳаи муқовимат ҳастанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон  тасреҳ кард: Эрон бо дарс гирифтан аз воқеаи Ошуро дар ҷанги тамом айёри иқтисодии Ғарб пирӯз хоҳад шуд.

Даҳумин рӯзи моҳи муҳаррами ҳиҷрииқамарӣ рӯзи Ошурои Ҳусейнӣ аст.Имом Ҳусейн (а) имоми севвуми шиаёни ҷаҳон дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбалои Ироқ, дар синни 57 солагӣ ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп