Сентябр 15, 2019 11:48 Asia/Dushanbe
  • Сафари имрузи муовини вазири умури хориҷаи Ҳиндустон ба Теҳрон

Виҷай Кешав Гухал- муовини вазири умури хориҷаи Ҳиндустон дар сафари дурӯза имрӯз (якшанбе) ба Теҳрон сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз нашрияи Ҳинду , сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҳиндустон эълом кард:  Муовини вазири умури хориҷаи Ҳиндустон дар шонздаҳумин нишасти машваратии дафтари умури хориҷа дар Эрон, ки якшанбе ва душанбе дар Теҳрон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Интизор меравад Гухал дар ин сафар бо Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон низ дидору гуфтугӯ кунад.