Сафари Рӯҳонӣ ба Туркия: Гоме барои ҳалли буҳрони Сурия
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар иҷлоси сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия, имрӯз - якшанбе (15 сентябр) дар садри ҳайати олирутба ба Анкара сафар мекунад.
Панҷумин даври иҷлоси сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия рӯзи душанбе ва дар идомаи ройзаниҳои се кишвари зомини раванди Остона барои ҳалли буҳрони Сурия баргузор мешавад.
Ин музокирот аз январи соли 2017 бо ибтикори Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия, дар нишасти Остона оғоз шуд. Яке аз натоиҷи муҳими нишастҳои сеҷониба, озодсозии манотиқи таҳти ишғоли террористҳо будааст. Дар идомаи ин раванд, тағйироти муҳиме дар пайи шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ба вуҷуд омадааст.
Акнун шароит дар Сурия ба лиҳози низомӣ ва ҳамчунин дар чорчӯби музокироти тарафҳои сурӣ - сурӣ тағйир карда ва Амрико ногузир аст воқеиятҳоро бипазирад.
Амрико бо таҳмили ҷанг ба Сурия, ба дунболи таҷзияи ин кишвар ва шикасти меҳвари муқовимат буд. Амрико бо ҳимоят аз ДИИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ, Сурия ва ҳамчунин Ироқро ба конуни фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ табдил кард. Ин таҳаррукот дар ҳоле амнияти минтақаро ба мухотира андохт, ки режими саҳюнистӣ низ бо истифода аз шароити мавҷуд дар садад буд даври тозаи нақшаи таҷзияи минтақаро иҷро кунад. Акнун аммо бо фурӯкаш кардани оташи ҷанг дар Сурия, Амрико, Исроил ва шарикони минтақаии онон медонанд, ки бозгашти субот ба Сурия ба маънои шикасти қатъии аҳдофи стратегии онҳо дар минтақа аст. Таомули се кишвар нақши таъйинкунандае дар мубориза бо терроризм, ба хусус муқобила бо гурӯҳи такфирӣ - террористии ДИИШ, эҷоди манотиқи орӣ аз даргирӣ ва бозгашти оворагони сурӣ ба хонаҳояшон доштааст. Аз ин рӯ, нақши таъсиргузори нишастҳои сеҷониба дар бозгашти оромиш ва субот ба Сурия инкорнопазир аст .
Дар вазъияти кунунӣ муодилаи қудрат дар минтақа ба нафъи ҷабҳаи муқовимат тағйир кардааст ва авзои Сурия низ дар масири субот ба пеш меравад. Дар ин раванд ҳамкорӣ ва таомули Эрон, Туркия ва Русия аз аҳамияти роҳбурдӣ бархурдор аст.
Сайидрасули Мусавӣ, раиси собиқи Маркази мутолеоти Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мегӯяд, асос ва бунёни иҷлоси сарони се кишвар, барқарории сулҳу субот дар Сурия, ҳифзи тамомияти арзии кишвар ва омодасозии шароити сиёсӣ барои таъйини сарнавишт ба дасти мардуми Сурия аст ва ҳар се кишвари Эрон, Русия ва Туркия ба ин усул вафодоранд.
Агарчӣ Эрон, Русия ва Туркия: се кишвар бо ҷойгоҳи мутафовит дар минтақа ва низоми байналмилал маҳсуб мешаванд, аммо ҳар як нишон додаанд, ки нисбат ба таъмини манофеи минтақаӣ ва байналмилалӣ дарки муштараке доранд. Нуктаи муҳим дар нишастҳои сеҷониба, идомаи гуфтугӯҳо дар бистаре бо аҳдофи муштараки минтақаӣ аст. Дар ин миён Сурия низ роҳи душвореро барои расидан ба субот ва муқобила бо террористҳо ва душманони қасамхӯрдаи ҷараёни муқовимат тай кардааст, аммо то дастёбии комил ба ҳамаи аҳдофи низомӣ ва сиёсӣ ва бозсозии вайрониҳои ҷанг, ниёз ба ҳимоятҳои бештаре дорад.
Баргузории панҷумин даври иҷлоси сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия дар Анкара аз ин ҷиҳат гоми муҳими дигаре аст, ки барои ҳалли буҳрони Сурия бардошта мешавад.
Таҷрибаи муваффақи ҳамкории сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия дар воқеъ зарфиятҳои минтақаиро барои ҳифзи субот ошкор кард ва нишон дод, ки дар ин замина метавон ба иштироки назар расид ва ин як дастоварди муҳим барои ҳамаи кишварҳои минтақа аст. Аз нигоҳи нозирони мустақили сиёсӣ, нишастҳои муштараки руасои ҷумҳурии се кишвари зомини раванди “Остона” илова бар кумак ба ҳалли буҳрони Сурия, тазминкунандаи манофеи минтақаӣ аст. Аз ин рӯ, дар шароите, ки суботу амният дар Сурия ба идомаи талошҳои муштараки минтақаӣ ниёз дорад, ройзаниҳо ва тасмимоти сеҷонибаи иҷлоси Анкара қатъан дар афзоиши амнияту суботи минтақа низ таъсиргузор хоҳад буд.