Ҳиндиҳо хостори идомаи хариди нафт аз Эрон
Як гурӯҳи вобаста ба ҳизби ҳоким дар Ҳинд аз нахуствазири ин кишвар хост, хариди нафт аз Эронро муҷаддадан мадди назар қарор диҳад.
Гурӯҳи Маҷмаи миллии худкифоӣ, ки аз назари идеологӣ вобаста ба ҳизби ҳокими Ҳинд аст, аз Нарандра Мудӣ,нахуствазири ин кишвар хостааст бидуни таваҷҷӯҳ ба дархостҳои Амрико хариди нафт аз Эронро муҷаддадан мадди назар қарор диҳад, зеро (адами хариди нафт аз Эрон) шикаст ва мушкили стратегӣ барои Ҳинд хоҳад буд.
Яке аз аъзои ин гурӯҳ гуфт: Тасмими таваққуфи хариди нафт аз Эрон, Ҳинд дар масире қарор мегирад, ки бандари Чобаҳорро ба Чин вогузор мекунад. Аз даст додани Чобаҳор шикасти стратегии бузурге хоҳад буд.
Равобити Ҳинд бо Эрон фаротар аз тиҷорати нафтӣ аст.