Сентябр 19, 2019 16:32 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъгириҳои зидди эронии вазири умури хориҷаи Фаронса

Вазири умури хориҷаи Фаронса бо такрори иддаоҳои пешин дар бораи БарҶом ва бидуни ишора ба бадаҳдиҳои муттаҳидини аврупоии Кохи Сафед дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ, хостори таваққуфи раванди коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-ии Эрон шуд.

Ба гузориши Рейтерз, Жан-Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷаи Фаронса имрӯз (панҷшанбе) иддао кард, Эрон бояд ба сурати комил ба БарҶом пойбанд бошад.

Ле Дриан ҳамчунин дар бораи ҳамлаи паҳподӣ ба таъсисоти нафтии Арабистон низ муддаӣ шуд, иддаои Ансоруллоҳи Яман дар бар ӯҳда гирифтани ин ҳамла, фоқиди эътибори лозим аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон 8 майи 2019, як сол пас аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом ва пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни паёмадҳои иқтисодии хурӯҷи Амрико аз ин тавофуқи ҳастаӣ, эълом кард, бахше аз тааҳҳудоти БарҶом-ии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ муаллақ мекунад.

Эрон, токунун дар 3 гом аз тааҳҳудоти Барҷомиаш костааст.

Эрон бо таъкид бар идомаи коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-ии худ, тасреҳ кардааст, ин иқдомот дар сурате, ки шарикони БарҶом, гомҳои лозимро барои ифои тааҳҳудоти худ бардоранд, ба суръати қобили бозгашт ҳастанд.

Ягони паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, рӯзи шанбе 14 сентябр дар посух ба ҷиноёти эътилофи саудӣ дар Яман, бо 10  паҳподи бумӣ, полоишгоҳҳои "Бақиқ" ва "Харис", вобастаи ширкатии миллии нафти Арабистон "Оромку"-ро ҳадаф қарор дод, ки мунҷар ба эҷоди ихтилол дар тавлиди нафти Риёз шуд.

 

Барчасп