Сентябр 19, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз ҳузури ширкатҳои эронӣ дар намоишгоҳи бозсозии Сурия

Масъулони аршади иқтисодии Сурия, аз ҳузури ширкатҳои эронӣ бавижа ширкатҳои донишбунён дар панҷумин давраи намоишгоҳи вижаи бозсозии Сурия, истиқбол карданд.

Ба гузориши ИРНА, Ҷаводи Туркободӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ, дар ҳошияи намоишгоҳи бозсозии Сурия, гуфт, масъулони аршади иқтисодии Сурия зимн истиқбол аз ҳузури ширкатҳои эронӣ дар ин намоишгоҳ, бар аҳаммияти иртиботи мудирон ва коршиносони давлатӣ, ҳамчунин нухбагон ва корофаринони иқтисодӣ ва боздиди донишҷӯёни сурӣ аз ғурфаҳои эронӣ дар намоишгоҳ таъкид доранд.

Туркободӣ бо ишора ба ҳамкориҳои арзандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сурия дар арсаи сиёсӣ ва низомӣ дар чиҳил соли гузашта, афзуд, акнун пас аз истодагӣ дар баробари тавтеаи терроризм ва муваффақиятҳои ҳосил аз он, тавсеаи равобити дуҷонибаи иқтисодӣ дар дастури кори равобити муштарак қарор дорад.

Алӣ Бениёз, ройзани иқтисодии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ низ бо ишора ба ҳузури 74 ширкати эронӣ дар намоишгоҳи бозсозии Сурия, ибрози умедворӣ кард, таомулоти иқтисодии ду кишвар, ояндае равшан ва умедворкунандаро пеши рӯ хоҳанд дошт.

Панҷумин давраи намоишгоҳи вижаи бозсозии Сурия бо ҳузури 390 ширкат аз 31 кишвари хориҷӣ, аз 17 сентябр дар Димишқ оғоз ба кор кард ва то шанбеи оянда идома хоҳад дошт.

 

Барчасп