Вазири хориҷаи Эрон озими Ню-Йорк шуд 
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46868-Вазири_хориҷаи_Эрон_озими_Ню_Йорк_шуд
Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз (ҷумъа) Теҳронро ба мақсади Ню-Йорк тарк кард. 
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 20, 2019 10:43 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Эрон озими Ню-Йорк шуд 

Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз (ҷумъа) Теҳронро ба мақсади Ню-Йорк тарк кард. 

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар ҳафтодучаҳорумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид озими Ню-Йорк шуд. 

Зариф қарор буд душанбе (16 сентябр) ба Ню-Йорк сафар кунад, аммо давлати Амрико дар иқдоме душманона раводиди ҳайати эронӣ барои сафар ба Ню-Йоркро бо таъхир содир кард. 

Давлати Амрико пештар низ (июли гузашта) дар ҷараёни сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Ню-Йорк ҷиҳати ширкат дар нишасти олиирутбаи Шӯрои иқтисодӣ-иҷтимоии Созмони Милал, маҳдудиятҳои шадиде алайҳи вай эъмол кард.