Мусавӣ: Эрон барои риояти ҳуқуқи башар ниёзе ба таъкидҳои муғризонаи дигарон надорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46964-Мусавӣ_Эрон_барои_риояти_ҳуқуқи_башар_ниёзе_ба_таъкидҳои_муғризонаи_дигарон_надорад
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба судӯри қатъномаи зидди эронии порлумони Аврупо таъкид кард, риояти ҳуқуқи башар барои Эрон аз илзомоти шаръи қонунӣ аст ва барои риояти он ниёз ба таъкидҳои муғризонаи дигарон надорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 23, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Эрон барои риояти ҳуқуқи башар ниёзе ба таъкидҳои муғризонаи дигарон надорад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба судӯри қатъномаи зидди эронии порлумони Аврупо таъкид кард, риояти ҳуқуқи башар барои Эрон аз илзомоти шаръи қонунӣ аст ва барои риояти он ниёз ба таъкидҳои муғризонаи дигарон надорад.

Парлумони Аврупо рӯзи панҷшанбе(19 сентябр) дар қатъномае, Эронро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кард.

Саидаббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе афзуд, қатъномаи ҷонибдорона, яксӯя, ғайри воқеъбенона ва ноумедкунандаи парлумони Аврупо дар ҳоле алайҳи Эрон ба раъй гузошта мешавад, ки Амрико аз тариқи эъмоли тероризми иқтисодӣ алайҳи Эрон, ҳуқуқи беш аз 80 миллион инсонро нақз мекунад.

Мусавӣ, судури ин қатъномаро баёнгари ноошноии намояндагони ҷадиди парлумони Аврупо бо таҳаввулоти ҷорӣ дар Эрон донист, ки сирфан бар пояи истифода аз иттилооти нодуруст ва ғайри мувассақи бархе ҷавсозиҳои расонаии ҳадафманд, Эронро муттаҳам кардааст.

Саидаббоси Мусавӣ тасреҳ кард, агар чӣ ниёзе ба қиёс бо кишварҳои минтақа нест, аммо дар бисёре аз ҳавзаҳо вазъияти ҳуқуқи занон ва батаври куллӣ ҳуқуқи башар дар Эрон бо ихтилофи зиёде аз марзҳои минтақа фаротар рафта аст ва дар мавориди мутаъаддид ҷойгоҳи занони эронӣ дар шароити беҳтар аз занон дар кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар қарор дорад.  

Мусавӣ бо радди бакоргирии стандарти дугона дар мавзӯоти ҳуқуқи башарӣ ва истифодаи абзорӣ аз он алайҳи дигар кишварҳо таъкид кард, таомул бо Иттиҳодия Аврупо бо судури ин гуна қатъномаҳо ва иқдомот дар тазод аст.