Бузургтарин намоишгоҳи дифоии Эрон дар Машҳад
Намоишгоҳи “Субҳи муқовимат” бо ҳадафи муаррифии таҷҳизоти даврони ҳашт соли ҷанги таҳмилшудаи режими баъси Саддом дар Ироқ ба Эрон дар парки “Миллат”и Машҳад , шимолу шарқи Эрон , барпо шуда аст .
Ба гузориши Садои Хуросон ,ин намоишгоҳ барои намоиши дастовардҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар саноъати дифоӣ , ошноӣ бо таҳдидҳои нарм ва фазои маҷозӣ, ошноии насли ҷавон бо ҳашт соли ҷанги таҳмилшудаи режими баъси Саддом дар Ироқ ба Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст . Радари кашфи ҳадафи сомонаи мушакии баландии миёна , мушаки бумишудаи “Шаламча” , мушаки Зилзол-3, сомонаи радарии тупхонаӣ, мушаки Лончир ва дурбини дид дар шаб дар намоишгоҳи “Субҳи муқовимат” ба намоиш даромада аст . Намоишгоҳи “Субҳи муқовимат” ба унвони бузургтарин намоишгоҳи дифоӣ дар шимолу шарқи Эрон , 22 то 29 сентябри 2019 доир аст .