Такрори иттиҳомоти зиддиэронии Трамп дар Маҷмаи умумии Созмони Милал
(last modified Wed, 25 Sep 2019 10:51:26 GMT )
Сентябр 25, 2019 15:51 Asia/Dushanbe
  • Такрори иттиҳомоти зиддиэронии Трамп дар Маҷмаи умумии Созмони Милал

Раисҷумҳури Амрико дар ҳафтоду чорумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар иттиҳомоти кӯҳнаи худро алайҳи Ҷумҳуриии исломии Эрон такрор кард.

Ба нақл аз аз хабаргузории Форс, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳафтодучорумин нишасти Маҷмаи умумии созмони Милали Муттаҳид Эронро ҳомии терроризм хонд ва муддаӣ шуд: Теҳрон яке аз бузургтарин чолишҳоро барои миллатҳои сулҳдӯсти дунё эҷод кардааст.

Донлад Трамп дар идома бидуни ишора ба 15 гузориши Агентии байналмилалии энержии атомӣ дар бораи пойбандии Эрон ба БАРҶОМ муддаӣ шуд, ки Теҳрон дар масири дастёбии мушак ва силоҳи ҳастаӣ гом бармедорад ва Вашингтон иҷоза намедиҳад, ки Эрон ба чунин силоҷе даст ёбад.

Раисумҷури Амрико бидуни зикри аворизи таҳримҳои Вашингтон бар беморон ва бахши зиёде аз мардуми табақоти мутавассит ва поини ҷомеаи Эрон, аз идомаи таҳримҳо алайҳи миллати ин кишвар сухан гуфт ва афзуд: То замоне, ки рафтори Эрон идома дошта бошад, таҳримщо на танҳо лағв намешавад, балки бештар ҳам хоҳад шуд.