Сентябр 26, 2019 19:23 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густардаи суханронии Ҳасани Руҳонӣ дар матбуоти Покистон

Суханронии Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти Маҷмаи умумии СММ дар расонаҳои Покистон бозтоби густардае дошт.

Рӯзномаи покистонии «Экспресс Трибун» рӯзи панҷшанбе ба нақл аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон навишт: “Теҳрон ҳаргиз таҳти фишор ва таҳрим ҳозир ба музокира бо Амрико нест”.

Ба навиштаи ин рӯзнома, лағви тамомии таҳримҳои Вашингтон ва эҳтиром ба қатъномаи Шӯроии амнияти СММ метавонад ба ҳамвор шудани масир кумак кунад.

Рӯзномаи англисизабони «Down» Покистон низ навишт, Эрон хоҳони поёни ҷанги Арабистони алайҳи Яман ва мушорикат барои таъмини амнияти тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс шуд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, Ҳасани Рӯҳонӣ гузориш дод, тазмини амнияти Арабистон бо поёни таҷовуз ба Яман таъмин мешавад, на бо даъват аз бегонагон ба минтақа.

Рӯзномаи англисизабони «Nation»-и Покистон ҳам ба нақл аз Рӯҳонӣ навишт, амнияти минтақа танҳо замоне таъмин хоҳад шуд, ки низомиёни амрикоӣ аз ин минтақа хориҷ шаванд.

Рӯзномаи Покистон «Тудэй» низ бо ишора ба бахшҳои муҳими суханронии Рӯҳонӣ дар бораи ҳаводиси ахир дар Халиҷи Форс, зарурати поёни ҷанги Яман ва даъват аз ҳамсоягон барои мушорикат дар ибтикори сулҳи тангаи Ҳурмуз навишт, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мо ҳамсоягони якдигар ҳастем на ҳамсояи Амрико.

Шабакаи хабарии «A.R.Y нюз»-и Покистон низ гузориш дод, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷлоси Маҷмаи умумии СММ бо ҳар гуна музокира бо Амрико таҳти таҳрим мухолифат кард.

Вебсайти шабакаи «Geo News» Покистон низ навишт, Рӯҳонӣ бо радди ҳар гуна музокира таҳти таҳрим бо Амрико гуфт, миллати Эрон ҳеч гоҳ ҷиноёт ва ҷинояткоронро фаромӯш нахоҳад кард.

Рӯзномаи «92» чопи шаҳри Исломобод ҳам гузориш дод, Ҳасани Руҳонӣ дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони милал дар Ню-Йорк гуфт, Амрико ҳеч эҳтироме ба қатъномаҳои Шӯрои амният қоил нест.

Ин рӯзномаи урдӯзабон ба нақл аз суханони Рӯҳонӣ афзуд, музокираи Эрон бо Амрико таҳти фишор ва таҳрим ҳаргиз имкон нахоҳад дошт.

 

Барчасп