Иблоғи сиёсатҳои куллии низоми қонунгузорӣ аз сӯи Раҳбари муаззами инқилоб
Раҳбари муазами инқилоби исломӣ дар иҷрои банди яки асли 110 Қонуни асосӣ сиёсатҳои куллии низоми қонунгузориро иблоғ ва бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти мавзӯъ дар ҳошияи он марқум карданд: Сиёсатҳо ба қуқуввои сегона иблоғ шавад. Се қувва муваззафанд иқдомотро замонбандӣ ва пешратфҳоро гузориш кунанд.
Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари Мақоми муаззами Раҳбарӣ; сиёсатҳои куллии низоми қонунгузории мусавваби Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз машварат бо Маҷмаи ташхиси маслиҳатнизоми Эрон танзим шудааст.
Таваҷҷӯҳ ба мавозини шаръ ба унвони аслитарин маншаи қонунгузорӣ дар танзим ва тасвиби тарҳҳо ва лоиҳаҳои қонунӣ арзёбӣ ва полоиши қонун ва муқаррароти мавҷуди кишвар аз ҳайси муғоират бо мавозини шаръӣ ва қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон бахше аз сиёсатҳои куллии низоми қонунгузорӣ аст.