Эрон ба лутфи таҳримҳо ҳавопаймо месозад
Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон аз тавсеаи санъати ҳавопаймосозии Эрон пас аз солҳо хабар дод.
Ба нақл аз Тасним, Муҳаммади Исломӣ вазири роҳи Эрон гуфт, ин кишвар ҳамакнун дар радаи кишварҳои ҳавопаймосоз қарор гирифтааст ва дар 15 соли гузашта муҳандисони эронӣ тавонистаанд ҳавопайморо ба таври комил дар ин кишвар бисозанд.
Муҳаммади Исломӣ афзуд, Эрон дар бахшҳои тарроҳӣ, технологӣ, таъмир ва нигаҳдории санъати фурудгоҳӣ ва ҳавопаймоӣ ба худкифоӣ расидааст ва агар таҳримҳо набуд мо ба ин нуқта намерасидем.
Ин мақоми эронӣ таъкид кард, Эрон дар бахшҳои ҳавоии низомӣ ҳамакнун ҷузви 10 кишвари бартари ҷаҳон аст ва дар бахши ҳавопаймоии ғайринизомӣ ҳам ба дунболи пур кардани фосила бо кишварҳои тавсеаёфтаи ҷаҳон ҳастем.
Ба гуфтаи вазири роҳи Эрон ҳамакнун 50 ҳазор нафар дар бахшҳои мухталифи ин санъат аз қабили хутути ҳавоӣ, таъмир ва нигаҳдорӣ ва ширкатҳои донишбунён шоғил ҳастанд ва рӯз ба рӯз доманаи фаолиятҳояшон густариш меёбад.