Сентябр 29, 2019 21:23 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди намояндаи Эрон дар Шӯрои ҳуқуқи башар аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико

Намояндаи Эрон дар Шӯрои ҳуқуқи башар, таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эронро ҷиноят алайҳи башарият донист.

Исмоили Бақоӣ, сафир ва намояндаи Эрон дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева, дар чилудуввумин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал бо ишора ба ин, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳримҳоро муғоир бо ҳуқуқи байналмилалӣ медонад, идомаи чунин рӯйкарди ғайриқонунӣ аз сӯи бархе кишварҳоро таҳдиде барои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ва чолише барои амнияти дастаҷамъӣ арзёбӣ кард.

Бақоӣ, ки яке аз суханронони аслии нишаст буд, аз тасмими комиссари олии ҳуқуқи башар барои адами пардохтан ба осори манфии таҳримҳо интиқод кард ва таваҷҷӯҳи ҷиддии ниҳодҳо ба таҳримҳои якҷонибаи бархе кишварҳо ва коҳиши осори онҳоро хостор шуд.

Сафир ва намояндаи дафтари Созмони Милал дар Женева ҳамчунин таъкид кард: Барои маҳдуд кардани осори таҳримҳо, интисоби намояндаи вижаи дабири кул дар бораи иқдомоти қаҳрии якҷониба ва роҳандозии шеваи ҷуброни хисорот барои қурбониёни таҳримҳо аз ҷумлаи роҳҳои муқобила бо ин гуна иқдомот аст.