Сентябр 30, 2019 16:39 Asia/Dushanbe
  • Аз вазорати хориҷаи Эрон ба кишварҳои минтақа: Амнияти хариданӣ нест

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Теҳрон хоҳон барқарории амнияти "дарунзо" дар минтақа аст, гуфт, кишварҳои минтақа бидонанд, ки амният хариданӣ нест.

Саидаббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ афзуд, Эрон хоҳони сулҳ, амният, субот ва пешрафт дар минтақа аст ва ин масъала, на бо харид аз хориҷ, балкӣ аз тариқи ҳамкории минтақаӣ эҷод мешавад.

Мусавӣ дар посух ба иддаои Арабистон мабни бар ирсоли таслиҳот аз сӯи Эрон ба Яман гуфт, Яман таҳти шадидтарин муҳосира аст ва ҳатто кумакҳои инсонӣ низ наметавон барои онҳо фиристод бино бар ин, тарҳи ин иддаоҳо аз поя беасос аст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, танҳо роҳи хурӯҷи Арабистон аз буҳрони Яманро пазириши оташбас ва поёни муҳосираи Яман донист ва ибрози умедворӣ кард, баъд аз оташбас, роҳ барои ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба Яман низ фароҳам шавад.

Мусавӣ дар бораи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон низ гуфт, Эрон ҳомии Афғонистони бо субот ва амн аст ва аз рӯйкарди интихобот аз сӯи давлат ва миллати ин кишвар низ ҳимоят мекунад.

Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон тасреҳ кард, роҳкори сулҳ ва субот дар Афғонистон, дар гарави ҳузури ҳамаи гурӯҳҳо ва ҷараёнҳост, ки аз тариқи давлати марказӣ вориди раванде шаванд, ки мунтаҳӣ ба сулҳ ва субот шавад.

 

 

Барчасп