Сентябр 30, 2019 17:19 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Қазоқистон барои тавсеаи равобит дар бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ

Шонздаҳумин иҷлоси Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ ва фарҳангии Эрон ва Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, сарпарасти ҳайати эронӣ дар ин нишастро Маҳмуди Ҳуҷҷатӣ ва ҳайати қазоқиро Сапархон Омров, вазирони кишоварзии Эрон ва Қазоқистон бар ӯҳда доштанд.

Дар ин нишаст ҳамчунин муовинони вазирони тиҷорат ва саноат, кор ва ҳифозати иҷтимоӣ, омӯзиш ва парвариш, намояндагони ширкати «Kazinvest», Утоқи тиҷорати хориҷии Қазоқистон ва соири ниҳодҳои марбутаи ин кишвар ширкат карданд.

Дар ҷараёни ин нишаст, масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, тарвиҷи проектҳои сармоягузорӣ, афзоиши тиҷорати мутақобили маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ, ҳамкорӣ дар заминаи дорусозӣ ва беҳдошт, навсозии системаҳои энержӣ, муаррифии системаи диҷитоли табодули асноди гумрукӣ, мавриди баррасӣ ва ҳамоҳангӣ қарор гирифт.

Тарафайн дар ин нишаст дар мавриди аҳаммияти иҷрои тавофуқномаи муваққатӣ дар заминаи эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосё ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар 27 октябри соли ҷорӣ ҳукми қонуни иҷро мегирад ва ҳамчунин тафоҳумнома дар заминаи содироти гандум аз кишварҳои ин иттиҳодия ба бозори Эрон тавофуқ карданд.

Дар поёни ин нишаст, протаколи шонздаҳумин иҷлоси муштараки Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фанн ва фарҳангии ду кишвар ба имзо расид.

 

 

Барчасп