Ҳазинаи беш аз 300 миллиондолларии Эрон дар мубориза бо маводи мухаддир
Додситони кулли Эрон гуфт, солона беш аз 300 миллион доллар барои тарҳҳои мубориза бо маводи мухаддир дар ин кишвар ҳазина мешавад.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ дар ҳафдаҳумин давраи иҷлоси додситонҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек афзуд, дар роҳи мубориза бо маводи мухаддир дар Эрон то кунун се ҳазору 814 тан шаҳид ва 12 ҳазор нафар ҷонбоз шудаанд.
Додситони кулли Эрон бо ишора ба ҳамсоягии Эрон ва Афғонистон гуфт, пас аз ҳузури нерӯҳои низомӣ ва эътилофи амрикоӣ ин кишвар ба қутби тавлиди маводи мухаддир табдил шудааст ва дар ҳоле, ки мизони тавлид ва тавзеи маводи мухаддир пеш аз ҳузури нерӯҳои НАТО ва эътилоф дар Афғонистон ду сад тон буд, пас аз ҳузури онон бар асоси омори дафтари ҷурм ва маводи мухаддири Созмоин Милали Муттаҳид ба 10 ҳазор тон, яъне панҷоҳ баробар расидааст.
Мунтазирӣ гуфт, мубориза бо густурдагии шабакаи тавлид ва тавзеи маводи мухаддир ниёзманди муборизаи ҳамагонӣ аз сӯи ҳамаи кишварҳост.