Рӯҳонӣ: Эрон аз ҳамкории чандҷониба ва минтақаӣ ҳимоят мекунад
(last modified 2019-10-01T16:17:59+00:00 )
Октябр 01, 2019 21:17 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон аз ҳамкории чандҷониба ва минтақаӣ ҳимоят мекунад

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба эҷоди мушкилоти фаровон дар равобити иқтисодии кишварҳо, рушди рӯзафзуни фақр, ноамнӣ, муҳоҷират ва коҳиши рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон таъкид кард, низоми байналмилал ниёзманди ҳамкориҳои иқтисодии чандҷониба ва минтақаӣ аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе дар иҷлоси сарони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Ереван, пойтахти Арманистон, имзои мувофиқатномаи тиҷории Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баёнгари дидгоҳи ҷомеъ ва созандаи Теҳрон, ҳамроҳ бо иродаи сиёсии қавӣ дар кумак ба тавсеаи равобити иқтисодӣ - тиҷории чандҷониба ва минтақаӣ донист.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки ҷомеаи байналмилал бояд бо тасмими қотеъ ва иқдомоте муассир бо рӯйкарди душманона ва якҷонибагароёнаи Амрико муқобила кунад, гуфт, Амрико дар солҳои ахир бо рӯйкарди якҷониба ва бетаваҷҷуҳӣ ба тааҳҳудот ва тавофуқоти байналмилалӣ ва зери по гузоштани мувофиқатномаҳои дуҷониба, бисёре аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин ва Русия, ҳамчунин теъдоде аз муттаҳидони худро ҳадаф қарор додааст.

Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, иқдомоти қаҳрии Амрико ва истифода аз доллар ба унвони як силоҳ, ба терроризми иқтисодӣ мунҷар хоҳад шуд ва зиндагии мардуми одиро ҳадаф қарор хоҳад дод.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо даъват аз сармоягузорони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои истифода аз зарфиятҳо ва зерсохтҳои густурдаи манотиқи озоди тиҷорӣ, санъатӣ ва вижаи иқтисодии Эрон гуфт, Эрон аз ҳамкории ҷамъӣ ва минтақаӣ дар қолаби иттиҳодияҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сиёсие монанди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), Созмони Ҳамкории Шанхай ва Маҷмаи Гуфтугӯи Ҳамкории Осиё ба унвони муҳимтарин абзорҳо дар ҳамгароии иқтисодӣ - сиёсии минтақаӣ ҳимоят мекунад.

Рӯҳонӣ таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тасвиб ва лозимулиҷро кардани яке аз ҷомеътарин қонунҳои ташвиқ ва ҳимоят аз сармоягузории хориҷӣ, омодагӣ дорад мизбони сармоягузорон ва корофаринони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва баргузории нишастҳои фурсатҳои сармоягузорӣ дар ояндаи наздик бошад.

 

Барчасп