Октябр 02, 2019 15:51 Asia/Dushanbe
  • Зарурати муқобиила бо якҷонибагароии Амрико;меҳвари суханони Руҳонӣ дар нишасти АвруОсиё

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон дар иҷлоси сарони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар Ереван пойтахти Арманистон бар зарурати муқобила бо якҷонибагароии Амрико таъкид кард.

Раиси ҷумҳури Эрон тасреҳ кард, Амрико дар солҳои ахир бо иҷрои руйкарди якҷониба ва бетаваҷҷуҳӣ ба тааҳудот ва тавофуқоти байналмиллалӣ ва зери по гузоштани мувофиқатномаҳои дуҷониба бисёре аз кишварҳои дигар аз ҷумла Чин ва Русия ҳамчунин теъдоде аз муттаҳидони худро қарор додааст.

Суханони раиси ҷумҳури Эрон дар иҷлоси сарони АвруОсиё рӯзи сешанбе баргузор шуд дар баргирандаи чанд мавзӯи қобили таммул аст. Нахустин мавзӯи дорои таваҷҷуҳ дар ин изҳорот таъкид бар ҳамкории ҷамъӣ ва минтақаӣ дар қолиби Иттиҳодияҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сиёсӣ аст.

Нуктаи муҳими дигаре, ки раиси ҷумҳури Эрон дар ин нишаст мавриди таъкид қарор дод даъват аз сармоягузорони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои истифода аз зарфиятҳо ва зерсохтҳои густардаи минтақаҳои озоди тиҷорӣ, саноатӣ ва вижаи иқтисодии Эрон барои тавсеаи муносиботи фимобайн аст. Руҳонӣ хатоб ба сарони кишварҳои ҳозир дар иҷлоси Ереван бо ишора ба мушкилоти фаровон дар равобити иқтисодии кишварҳо, ки дар натиҷаи якҷонибагароии Амрико эҷод шудааст гуфт, низоми байналмиллал барои муқобила бо ин раванд ниёзманди ҳамкориҳои иқтисодии чандҷониба ва минтақаӣ аст.

Ин мавзӯъ ба вижа дар шароите, ки Амрико саъй дорад монеъ аз ҳамгароӣ ва густариши муносибот байни Эрон ва кишварҳои минтақа шавад, аз аҳамияте стратежик бархурдор аст. Аз ин дидгоҳ суханони раиси ҷумҳури Эрон ироаи роҳкор дар ҷиҳати муқобила бо сиёсати якҷонибагароии Амрико дар минтақааст.

Кайҳон Барзгар коршиноси равобити байналмиллал муътақид аст коромадтарин роҳбурди сиёсати хориҷӣ барои тавсеаи иқтисодӣ ва тавлиди амният, гароиш ба ду ва чандҷонибагароии минтақаӣ бо такия бар манобеи мустақили қудрати миллӣ аст.

Сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико як таҳдиди ҷаҳонӣ аст, ки манофеи ҳамаи кишварҳоро дар хатар қарор дода ва дар ҳоли табдил шудан ба яке аз чолишҳои асосӣ дар масири тиҷорати озоди ҷаҳонӣ аст. Ҳамонтавр, ки раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард, иқдомоти қаҳрии Амрико ва истифода аз доллар ба унвони як силоҳ, ба терроризми иқтисодӣ мунҷар хоҳад шуд ва зиндагии мардуми оддиро ҳадаф қарор хоҳад дод. Вашингтон дар воқеъ ба дунболи афзоиши таниш дар минтақа ва эҷоди ихлол дар равобити иқтисодии ҳамаи кишварҳост.

Бо таваҷҷуҳ ба ин шароит, мавозеъ ва пешниҳодҳои роҳбурдии раиси ҷумҳури Эрон нишон медиҳад сиёсати хориҷии Эрон мубтанӣ бар ҳамкорӣ, ҳамафзоӣ ва ёфтани роҳҳои дастёбӣ ба манофеи муштарак аст. Бар ҳамин асос Теҳрон борҳо омодагии худро барои тадвин ва тасвиби созу корҳои дуҷониба ва чандҷонибаи сиёсӣ ва амниятӣ ба манзури тазмини сулҳу амнияти ҳамагонӣ эълом кардааст.

Руҳонӣ дар иҷлоси Ереван бо даъват аз аъзои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба ҳамгароӣ ва таомул барои тавсеаи муносиботи фимобайн хотирнишон кард: ҳамкории ҷамъӣ ва минтақаӣ дар қолиби Иттиҳодияҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сиёсӣ монанди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории Шанхай ва маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё (ACD) ба унвони муҳимтарин абзорҳо дар ҳамгароии иқтисодӣ-сиёсии минтақаии  мавриди ҳимояти Эрон аст.

Аз ин дидгоҳ мавозеъ ва пешниҳодҳои раиси ҷумҳури Эрон дар нишасти Ереван ду пайёми мушаххас дорад:

Нахуст ин ки доираи равобити сиёсӣ ва иқтисодии Эрон бо кишварҳои минтақа васиъ ва густарда аст ва бояд аз ин фурсат ба нафъи миллатҳои минтақа истифода кард.

Пайёми дуввум дар ин замина, ки ҷанбаи сиёсӣ дорад бозгӯ кардани авоқиби моҷароҷуиҳо ва иқдомоти таҳрикомези Амрико дар минтақааст.

Ин мавозеъ ва дидгоҳҳо мубтанӣ бар ҳамкорӣ, ҳамафзоӣ ва ёфтани роҳҳои дастёбӣ ба манофеи муштарак ва дар як иборат таъкид бар сиёсати чандҷонибагароӣ дар муқобили якҷонибагароӣ аст.