Таъкиди сафири Италия бар шинохти бевоситаи Эрон тавассути гардишгарони хориҷӣ
(last modified Thu, 03 Oct 2019 11:14:05 GMT )
Октябр 03, 2019 16:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сафири Италия бар шинохти бевоситаи Эрон тавассути гардишгарони хориҷӣ

Сафири Италия дар Эрон гуфт, Эрон бо вуҷӯди танаввуи табиӣ ва осори бостонии торихӣ, тамомии мушаххасаҳои ҷазби гардишгари хориҷиро дорад.

Giuseppe Perrone, сафири Италия дар Эрон, бо ишора ба тасвири нодурусти бархе гардишгарони хориҷӣ аз Эрон гуфт, гардишгарони хориҷӣ бояд худашон ба Эрон биёянд, то бо чашмҳои худашон бибинанд ончӣ дигарон аз Эрон ва эрониҳо мегӯянд иштибоҳ аст. Сафири Италия дар Эрон бо таъкид бар аҳаммияти шинохт бевоситаи Эрон тавассути гардишгарон афзуд, бояд ба Эрон омад то бовар кард, дар Эрон метавон аз зебоиҳо ва меҳмоннавозии эрониҳо лиззат бурд. Вай бо ишора ба собиқаи торихии Эрон гуфт, Эрон барои гардишгарони хориҷӣ, кишвари бисёр ҷаззобе аст ва бисёре аз гардишгарони хорҷӣ, Эронро барои мақсади гардишгарӣ интихоб мекунанд. Сафири Италия дар Эрон тасреҳ кард, гардишгарони итолиёӣ низ ботаваҷҷуҳ ба танаввуъи табиӣ, осори бостонӣ ва меъмории беназири Эрон, алоқаи зиёде барои сафар ба ин кишвар доранд.