15-умин нишасти Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47236-15_умин_нишасти_Комиссиюни_муштараки_ҳамкориҳои_иқтисодии_Эрон_ва_Туркманистон
Понздаҳумин нишасти Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Туркманистон дар шаҳри Ашқобод баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 03, 2019 16:39 Asia/Dushanbe
  • 15-умин нишасти Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Туркманистон

Понздаҳумин нишасти Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Туркманистон дар шаҳри Ашқобод баргузор шуд.

Ба гузориши Форс, ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раёсати Шаҳроми Одамнажод, муовини ҳамлу нақли вазири роҳу шаҳрсозӣ дар ин нишаст ҳузур ёфт.

Ҳайатҳои Эрону Туркманистон тайи ин нишаст, бахшҳои густардае аз мавзуоти марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои ҳамлу нақл, иртиботот, иқтисодӣ, саноат, тиҷорӣ, сухту энержӣ, илмӣ ва фарҳангиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Мақомоти ду кишвар бар алоқамандии худ нисбат ба тавсеъаи таомулот ва ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф таъкид карданд.

Эрон сеюмин шарики муҳимми тиҷорати хориҷии Туркманистон буда ва ҳамкориҳои ду кишвар умдатан руи бахши ҳамлу нақл ва транзит, сохти ҷода, тавлиди барқу газ тамаркуз ёфтааст.