Ҳузури Эрон дар намоишгоҳи байналмилалии саноати сохтумонии Узбакистон
(last modified Thu, 03 Oct 2019 13:44:35 GMT )
Октябр 03, 2019 18:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Эрон дар намоишгоҳи байналмилалии саноати сохтумонии Узбакистон

Ҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии саноати сохтумон ва мебели Узбакистон дар маркази намоишгоҳҳои байналмилалии «Узэкспосентр»-и шаҳри Тошканд оғоз ба кор кард.

Ба гузориши Форс, дар ин намоишгоҳ ҳамчунин Ғуломҳусайни Иброҳимӣ, кордори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Узбакистон низ ҳузур ва аз ғурфаҳои ширкатҳои эронӣ дар ин намоишгоҳ боздид кард.

Дар ин намоишгоҳ, ки тавассути ширкати байналмилалии намоишгоҳии «ExpoPosition» барпо шудааст, беш аз 50 ширкат аз кишварҳои ҷаҳон, монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон, Италия, Кареяи Ҷанубӣ, Чин, Қазоқистон, Русия, Туркия, Украина ва Узбакистон ҳузур доранд.

Ҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии саноати сохтумон ва мебели Узбакистон шомили бахшҳои «фанновариҳои тахассусӣ»,«анвои коғазҳои деворӣ», «рангҳо», «панҷара ва дарҳо», «мебел», « фанн‌овари‌ҳо ва таҷҳизот барои саноати маъданӣ», «фулузсозӣ ва мошинсозӣ», «саноати шимиёӣ», «масолеҳи сохтумонӣ ва дастгоҳҳо», «фанновариҳои тавлид ва ҳамлу нақли бетон» аст.

Ҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии саноати сохтумон ва мебели Узбакистони тавассути ширкати байналмилалии намоиши гоҳеи «ExpoPosition» бо ҳамкории вазорати сохтумони Узбакистон, ширкати саҳҳомии «Узстрой материалы» баргузор мешавад ва то 4 октябри соли 2019 милодӣ ба кори худ идома медиҳад.