Октябр 06, 2019 11:10 Asia/Dushanbe
  • Оғози вуруди зоирони русӣ ва қафқозии арбаин аз марзи шимолӣ ба Эрон

Дар остонаи арбаини ҳусайнӣ ва оғози сафари паёдаи ошиқони Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а) ба сӯи шаҳри Карбало ҳазору 500 зоири ҳусайнӣ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва Гурҷистон барои сафар ба Ироқ вориди Эрон шуданд.

Ба нақл аз ИРНО, Ҷамшеди Маҳдавӣ масъули Кумитаи истиқболи ситоди арбаини шаҳристони марзии бандари Осторо дар шимоли Эрон бо баёни ин ки дар соли гузашта 12 ҳазор зоири хориҷии арбаин аз марзи Осторо ба Эрон ворид шуда буданд пешбинӣ кард, имсол шумори ин ашхос ба 15 ҳазор нафар бирасад.

Шаҳристони марзии бандари Осторо севвумин марзи пуртараддуди Эрон аст ва солона наздик ба 800 ҳазор мусофири дохилӣ ва хориҷӣ аз марзи он рафту омад мекунанд.

20-уми сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ (19 октябри 2019) арбаин шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва  ёрони бовафои ишон дар саҳрои Карбало аст.

Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими арбаини ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Ҳамоиши пиёдаравии арбаини ҳусайнӣ дар рӯзи арбаин дар шаҳри Карбало ба авҷи шуру шукуҳи худ мерасад ва бузургтарин таҷаммуи ҷаҳонӣ ном гирифтааст.

Барчасп