Октябр 06, 2019 13:08 Asia/Dushanbe
  • Депломати амрикоӣ: эрониҳо медонанд Трамп қобили эътимод нест

Депломати собиқи Амрико мавзеъи Ҷумҳурии исломии Эронро дар худдорӣ аз музокира бо Вашингтон қобили дарк донист ва гуфт, эрониҳо медонанд Трамп қобили эътимод нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Денис Ҷет сафири пешини Амрико дар Перу ва устоди улуми сиёсии донишгоҳи Пенсилвания рӯзи якшанбе дар мусоҳибае бо ИРНО, афзуд, номутмаин будани раиси ҷумҳури Амрико ва тазалзули мавзеъҳои ӯ, омили шикасти ҳаргуна пешрафт дар депломасӣ миёни Теҳрон ва Вашингтон будааст.

Ҷет дар бораи ин ки чаро раиси ҷумҳури Эрон ҳозир нашуд дар сафар ба Нию-Йорк бо Трамп тамос ва дидоре дошта бошад гуфт, ба назар мерасад оқои Руҳонӣ бар ин бовар буд, ки суде дар дидор ва гуфтугӯ бо Тармп вуҷуд надорад ва натиҷае ҳам нахоҳад дошт.

Ҷет афзуд, дар муқобил Трамп аз онҷо ба таври физояндае зери фишор аст қасд дорад, то аз сиёсати хориҷӣ ба унвони абзоре барои инҳирофи афкори умумӣ аз мушкилоти дохилӣ ва масъалаи истезоҳ баҳрабардорӣ кунад.

 

Барчасп